Дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ба 95 симчӯб ва 135 сабади бетонии канори роҳи Бохтар-Левакандро матоъпӯш кардаанд.

Раиси ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Леваканд Ҳалимзода Сафаралӣ гуфт, ки дар ин миқдор симчӯбу сабадҳои шоҳроҳи Бохтар-Леваканд  250 метр матоъ сарф шудааст, ки арзишаш тақрибан 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раиси ҷамоати деҳоти Гулистон Ҳалимзода Сафаралӣ

— Матоъро як соҳибкори маҳаллӣ тақдим кард ва зимни гузаронидани як шанбегӣ  онро ба симчуб ва сабадҳои бетонӣ пушондем Агар ин иқдомро мардум ҷонибдорӣ кунанд, мо дар оянда ин корро  идома хоҳем дод, — илова кард раиси ҷамоат.

Раиси ҷамоат мақсади ин амалашонро зебогии шоҳроҳ арзёбӣ мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом дар доираи солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷашнҳои дар пешистода роҳандозӣ шудааст.

Аммо чанде аз сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки хуб мешуд масъулон ин гуна матоъҳои зеборо, ки аслан онҳо барои рахти хоб истифода мешаванд, на дар симчубу сабадҳо мебастанд, балки ба оилаҳои ниёзманд тақсим мекарданд, беҳтар мебуд.

Бояд гуфт, ки пеш аз иди Наврӯзи соли 2021 дар шаҳри Бохтар низ ба тани дарахтон матоъҳои атласу адрас пӯшонда буданд, ки ин амал дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here