Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар гулгашти “Дуои модар’ ва “Оташи абадӣ” бунёд карда мешавад.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, чанде пеш   аз мавзеи сохтмони лоиҳаи ангоравии тобистона, гулгашти “Дуои модар” ва “Оташи абадӣ” дидан кард. Дар ин бора аз маркази   матбуотии раиси вилоят хабар доданд.

Гуфта шуд, ки лоиҳаи мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, ҷиҳати ободу зебо гардондани гӯшаи диёр ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маблағгӯзорӣ мегардад.

Иншооти мазкур дар ҳаҷмӣ 0.60 гектар доман паҳн намуда, дар он гулгашти “Дуои модар” ва “Оташи абадӣ” сохта мешавад. Сохтмони иншооти мазкур бо тарз ва услуби хоси меъморӣ ба нақша гирифта шуда, итминон аст, ки баъди сохта шудан, мавзеи мазкур яке аз маконҳои тамошобоби сокинони шаҳри Бохтар мегардад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳри Бохтар ва масъулон ҷиҳати саривақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, иброз дошт, ки мавзеи мазкур бояд тарзе сохта шавад, ки диққатҷалбкунанда ва барои халқу миллат манфиатбахш бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь