100 800 вояи воксани зидди COVID-19, ки аз ҷониби ҳукумати Олмон тавассути механизми “COVAX” тақдим гардид, 10-уми сентябр ба Тоҷикистон оварда шуданд. Воксанҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас ва супорида шуданд.

Онҳо дар доираи маъракаи миллии иммунизатсияи аҳолӣ барои пешгирии гузариши коронавирус дар кишвар истифода хоҳанд шуд. Дар доираи хайрияи мазкур,  муовини сафири Олмон ҷаноби Ролф Траут ба Маркази иммунизатсияи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф овард ва бо муовини вазири тандурустӣ доктор Ғафур Муҳсинзода, сардори намояндагии ЮНИСЕФ Осама Маккавӣ ва кормандони маркази иммунизатсия вохурӣ гузаронид.

«Ман хело хушҳол ҳастам, ки дар доираи механизми «COVAX» аллакай дуюм хайрия ба Тоҷикистон расонида шуд. Ҳамчун яке аз муассисони платформаи тақсимкунии “КОВАКС” ва акнун дуюм донори калонтарин, Олмон талош менамояд, ки кишварҳои шарик мисли Тоҷикстонро дастгирӣ намуда, бо онҳо ҳамкориро идома диҳад. Ҳадафи мо аз таъмини ҳар як нафар бо дастрасӣ ба воксани зарурӣ иборат аст. Воксанҳо бояд дар саросари ҷаҳон дастрас бошанд. “COVAX” имконият медиҳад, ки воксанҳо ба тамоми аҳолии ҷаҳон расонида шаванд, ки ин роҳи ягонаи пешгирии пайдоиши доимии навъҳои гуногуни вирус мебошад», – қайд намуд ҷ-би Ролф Траут.

Ҳукумати Олмон ӯҳдадор шудааст, ки барои таъмини дастрасии баробар ба воксанҳои зидди COVID-19 30 миллион воя воксан ҷудо намояд ва таҳвили имрӯза як қисми он мебошад. Дар оғози соли равон қайд карда шуд, ки Олмон барои татбиқи ташаббуси “ACT” 2.2 миллиард евро ҷудо хоҳад кард, ки қисми зиёди он барои механизми “COVAX” сарф хоҳад шуд. Инчунин, ҳукумати Олмон ба Тоҷикистон таҷҳизот ва лавозимоти ҳаётан муҳим, аз қабили воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, қуттиҳо барои моддаҳои хатарнок ва маводҳо барои дезинфексия ба маблағи умумии 1 миллион евро тақдим намуд. Онҳо барои таҳкими иқтидори кормандони тиббӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо таъсири манфии COVID-19 дар мамлакат равона шуданд.

«Ҳеҷ кас эмин нест то ҳар яки мо эмин набошем», – мегӯяд Осама Маккавӣ Хогалӣ, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон. «Хайрияҳои мазкур аз ҷониби ҳукумати Олмон барои аҳолии Тоҷикистон дастрасии баробар ба воксанҳои ҳаётан муҳимро таъмин менамояд. Ҷиҳати омодагӣ барои дастгирии саховатмандона дар мубориза бо ин беморӣ мо миннатдории худро ба шариконамон аз ҳукумати Олмон баён менамоем».

Дар илова ба таҳвили имрӯза, Тоҷикистон қаблан 1,692,100 вояҳои воксани зидди COVID-19-ро тавассути механизми “COVAX” гирифт. Механизми “COVAX” аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Эътилоф барои навовариҳо дар соҳаи омодагӣ ба эпидемия (CEPI), ГАВИ – иттиҳоди глобалӣ оид ба воксанҳо роҳбарӣ мешавад ва ЮНИСЕФ шарики калидӣ дар самти интиқол мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь