Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин ва Федератсияи Русия барои 1 ҳазору 540 хонанда муассисаи таълимӣ сохта мешавад.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки айни замон сохтмони муассисаи таълимии дуошёна  барои 340 хонанда аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин оғоз гардидааст. Дар назар аст, ки мактаб соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, сохтмони мактабе, ки аз ҳисоби Федератсияи Русия барои 1 ҳазору 200 хонанда сохта мешавад, ҳоло оғоз нагардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь