Дар хабар аст, ки имрӯз ҳамаи уламо, муаллимон, охундҳо ва имомони ҷамоати масоҷид ва фармондеҳони собиқи муҷоҳидин, ки таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд ҷангиданд, дар Тахор гирдиҳам омаданд, ҳама ваъда доданд, ки таҳти фармондеҳии Аҳмади Масъуд ҳастанд, ҳама вафодор ба писар, қасам хӯрданд.

Гуфта мешавад, нирӯҳои вобаста ба давлати собиқи Афғонистон ва гуруҳҳои маҳаллӣ контроли 3 минтақа пули Ҳисор, деҳи Салоҳ ва Андаробро дар вилояти Бағлон аз Толибон пас гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти собиқи Афғонистон, ки ба неруҳои муқовимат алайҳи толибҳо пайваст, дар саҳифаи твитери худ навишт:

«Толибон иҷоза намедиҳанд, маводди ғизоӣ ва сӯхт вориди дараи Андароб шавад. Вазъияти башардӯстона вахим аст. Ҳазорон зану кӯдак ба кӯҳҳо фирор кардаанд. Толибон дар ду рӯзи гузашта кӯдакон ва афроди мусин (солманд)-ро мерабоянд ва аз онҳо ба унвони сипар барои ҷобаҷоӣ ё ҷустуҷӯи хонаҳо истифода мекунанд».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here