Тавре дафтари матбуоти садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд иттилоъ додааст, як гуруҳ сокинони ноҳияи Иштихони ин вилоят аз тарафи кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва Хадамоти амнияти давлатӣ боздошт шуданд.

Бино ба гузориши ин манбаъ афроди зайл аз тариқи иттилоъҳои интернетӣ зери таъсири ғояи гурӯҳҳои террористӣ мондаанд, ки дар кишварҳои арабӣ фаъолият мекунанд. Аъзои гурӯҳ барои пайвастан ба чунин гурӯҳҳои террористӣ омодагӣ мегирифтаанд.

Аъзои гурӯҳи мазкур дастаҷамъона қарор кардаанд, ки тавассути Туркия ба Сурия мераванд ва он ҷо дар ҳаракатҳои ҷанговарона ширкат мекунанд, аммо онҳо ба ин ҳадафи худ нарасиданд ва мавриди боздошт қарор гирифтанд.

“Дар айни ҳол ин афрод аз тарафи кормандони ниҳодҳои марбута тафтиш ва бозрасӣ мешавад ”, омадааст дар хабари садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд.

Гуфта мешавад, инҳо маҳз ҳамон шахсонеанд, ки аз бесаводӣ ба кӯчаи гумроҳӣ ворид шудаанд ва намедонанд, ки чӣ сарнавишти талху ногувор онҳоро дар пеш интизор буд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь