Соҳибкорони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми 10 моҳи соли 2021-ум бо харҷи 23 миллион сомонӣ беш аз 30 километр роҳро таъмири асосӣ карданд.

Маҳмадулло Файзалиев

Сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии нигоҳдории  роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Маҳмадулло Файзалиев гуфт, ки дар ин давра бо дастгирии соҳибкорон дар 14 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон беш аз 30 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмирӣ асосӣ, 5,2 километр таъмири ҷорӣ, 173, 3 километр роҳ сангфарш карда шуда.

— Ҳамчунин  26 пул бо дарози 250 метр аз таъмир бароварда шуд, — илова кард ӯ.

Манбаъ афзуд, ки  дар ин давра аз ҷониби  соҳибкорони шаҳри Левакант ва ноҳияи  Шаҳритус ягон километр роҳ таъмир карда нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here