Ташкилотиу идораву корхонаҳо дар назди Нозироти андози шаҳри Бохтар беш аз  8 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, ки ин омил боиси иҷро нашудани қисми даромади буҷети  шаҳр дар 9 моҳи соли ҷорӣ гардидаст.

Аз Нозироти андози шаҳри Бохтар хабар доданд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети шаҳр 99 дарсад иҷро гардид.

— Тибқи нақша бояд ба буҷети шаҳр дар ин давра 143, 6 миллион сомонӣ ворид  мешуд, аммо аз сабаби саривақт пардохт нагардидани андоз аз ҷониби баъзе ташкилоту идораҳо 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  ба буҷет ворид карда нвшуд, -гуфтанд аз нозироти мазкур.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар назди Нозироти андоз аз ҳама  қарзи зиёд дар   Корхонаи воҳиди  давлатии фаръии обтаъминкунӣ  ва канализатсияи шаҳр 3 миллион сомонӣ, Корхонаи фаръии давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр зиёда аз 919 ҳазор сомонӣ,  КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар 340 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Омилҳои пардохт нашудани қарзи андозро хостем аз роҳбарони ин корхонаҳо  пурсон шавем, мутаассифона, онҳо ба тамосҳои пайдарпайи мо посух надоданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here