Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон  50 нафаре, ки дар “бозори сиёҳи пул” кор мекарданд, яъне ба саррофии ғайриқонунӣ машғул будан, дастгир шуданд.  Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Самадов дар  нишасти хабарии ниҳодашон иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, аз ин шуомра нисбати 10 нафаре, ки дар бозор ба хариду фурӯши ғайриқонунии пул ва мубодилаи асъор машғул буданд, парвандаи ҷиноятӣ кушода шудаст, ҳамчунин нисбати 40 нафари дигар парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудаст.

Аз ин шумора як нафар корманди филиали №42-и Амонтабонки шаҳри Бохтар  мебошад, ки барои хариду фурӯши асъор дастгир шуда,  нисбаташ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудаст.

Дар идомаи нишаст зикр шуд, ки дар ин давра қарзҳо ва пасандозҳои 276 нафар муштарии “Агроинвесбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар вилояти Хатлон пардохт карда шуд, ки маблағи он зиёда аз 3 милион сомониро тишкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь