Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell лоиҳаи “Қоидаҳои нав”-ро пешниҳод мекунад. Тибқи қоидаҳои нав, дар тарофаҳои нақшавии маъмул ва серталабот, аснои пардохти саривақтии пардохти муштарӣ, мегабайтҳои масрафнашудаи интернети мобилӣ дар тӯли як моҳ “намесӯзанд”, балки ба моҳи оянда гузаронида мешаванд.

Чизи аз ҳама муҳим дар зиндагӣ иртиботи бемаҳдуд ва роҳат барои муошират бо наздикон, табодули комёбиҳову эҳсосот мебошад. Ҳар кадоме аз мо талош менамоям, ки чизи муҳим ва азизамонро ҳифз ва эҳтиёт кунем. Маҳз барои ҳамин,  Tcell “Қоидаҳои нав” -ро роҳандозӣ мекунад: тамоми трафики интернети мобилӣ дар ихтиёри муштарӣ боқӣ мемонад, ҳатто агар ӯ дар моҳи равон онро сарф карда натавониста бошад! Мегабайтҳои истифоданашуда ба моҳи оянда гузаронида мешаванд.

Ҳангоми таҳияву коркарди тарофаҳо ва пешниҳодҳои беназир, Tcell ҳамеша манофеъву ниёзҳои муштариёнро ба назар мегирад. Аз ин рӯ, Tcell бисёр вақт барои муштариён тахфифҳо, аксияҳои бонусӣ ва лоиҳаҳо ба монанди “Қоидаҳои нав” -ро пешниҳод менамояд.

Шумо наворро дар бораи “Қоидаҳои нав” аз ин пайванд тамошо карда метавонед: https://www.youtube.com/watch?v=79rbLqhc9Os

Барои шинос шудан бо ҷадвали тарофаҳое, ки “Қоидаҳои нав” дар онҳо дастрас мебошанд, дар сомона маълумот гирифтан мумкин аст:  https://www.tcell.tj

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь