Дар шаҳри Бекободи вилояти Тошканд таҳти унвони “Фароҳам овардани шароит – вазифаи асосии мо” бизнес-форуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он соҳибкорони ду вилояти ҳамҷавор-вилояти Тошканди Ӯзбекистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон ширкат намуданд.

Тавре мутахассиси дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Тошканд Асқар Исмоилов ба мухбири “Фараж” гуфт, ин бизнес-форум дар кохи бошукӯҳи марбути Ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзметкомбинат”-и шаҳр роҳандозӣ гардид.

– Як гурӯҳ соҳибкорони ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо намунаҳои маҳсулоти соҳибкорони вилояти мо аз наздик ошно шуданд. Қарор аст, ки дар оянда миёни соҳибкорони ду ноҳияи вилояти Суғд ва соҳибкорони шаҳри Бекобод дар бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳо шартномаҳо ба имзо расанд,  -афзуд Асқар Исмоилов.

Гуфта мешавад, ки чунин дидору мулоқот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо ба ҳукми анъана хоҳад даромад ва аз он соҳибкорони ду вилояти ҳамҷавор манфиат хоҳанд дид.

– Зимни ин сафар бо ҳамтоёни ӯзбеки худ тавсеаи  ҳамкориҳоро барномарезӣ кардем. Соҳибкорони вилояти Тошканд ба вилояти мо низ хоҳанд омад ва маҳсулоти худро ба намоиш хоҳанд гузошт. Иродаи сиёсии сарварони ду кишвар буд, ки роҳҳо боз гардиданд ва ҳамкориҳо барқарор шуданд, – мегӯяд соҳибкори тоҷикистонӣ Султонбой Болтабоев.

– Ҳамсоядории нек аз фазилатҳои қадимтарини ӯзбекону тоҷикон маҳсуб меёбад. Як қисми аҳолии деҳот ва шаҳри Бекбодро мардуми тоҷиктабор ташкил мекунанд. Онҳо бо пайвандони тоҷикистонии худ хешу табор шудаанд. Беш аз чаҳор сол мешавад, ки муносибати ду кишвари ҳамҷавор рӯз аз рӯз ривоҷу равнақ меёбад ва дар миёни соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳасана ба роҳ монда мешаванд. Дар бизнес-форуми байналмилалӣ, ки дар шаҳри Бекобод роҳандозӣ кардем, як гурӯҳ соҳибкорон аз вилояти Суғд омаданд, – мегӯяд ҳокими шаҳри Бекобод Зафар Файзуллоев.

Бизнес-форуми байналмилалии соҳибкорони ӯзбекистонӣ ва тоҷикистонӣ бо консерти дастаи ҳунарии хонаи маданияти шаҳри Бекобод ба фарҷом расид.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь