Ҳамаи хабару овозаҳое, ки дар як қатор воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гӯё ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли барқ паҳн мешаванд, ягон асос надоранд, иддао дорад маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик».

«Дар давраи тайёрӣ ба зимистон ва омода намудани низоми энергетикии кишвар ба зимистон, аз ҷумла буридани шохаҳои дарахтон ва аз дигар монеаҳо озод намудани хатҳои интиқоли барқ, инчунин гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон ва дигар таҷҳизоти интиқоли барқ дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муаяйн имкон дорад, ки интиқоли барқ қатъ карда шавад. Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир зарурист ва ҳар сол дар ибтидои зимистон гузаронда мешавад», — гуфта мешавад дар шарҳи маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» дар иртибот ба ин мавзуъ.

Аз маркази матбуоти шикати «Барқи тоҷик» ҳамчунин тазаккур доданд, ки  зимистон барои таъминоти барқ ҳамеша давраи фавқулодда аст. Вобаста ба афзудани талабот ба истифодаи барқ мушкилот низ зиёд мегардад. «Аз ин рӯ, аз муштариёни нерӯи барқ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо хоҳиш мекунем, ки дар давраи зимистон ҳар қадар имкон доранд аз барқ сарфакорона истифода баранд. Ин ба манфиати ҳама ва ҳар кас аст», — омадааст дар шарҳи маркази матбуоти ширкат.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь