Бо фармони прокурори вилояти Хатлон аз 20-уми майи соли 2021 нисбати прокурори ноҳияи Панҷ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 Холиқзода А.Ғ. муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуд.

Дар ин бора ба наздикони Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ – афсари дар ШВКД Панҷ кушташуда аз Прокуратураи вилояти Хатлон хабар доданд. Дар вокуниши расмие, ки бо имзои прокурори вилояти Хатлон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3  Раҳимзода А.А. ворид шуд, гуфта мешавад: “Прокуратураи вилояти Хатлон муроҷиати шуморо нисбати прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А.Ғ. мавриди санҷиш қарор дод.

Дар рафти санҷиш ваҷҳҳои овардаатон оиди аз тарафи прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А.Ғ. роҳ додан ба хатоҳои имлои забони точикӣ зимни омода намудани мактуби ҷавобӣ ба дархостатон тасдиқи худро ёфт.

Бо натиҷаи санҷиш, барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастурамал «Дар бораи коргузорӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармони прокурори вилояти Хатлон аз 20.05 соли 2021 нисбати Холиқзода А.Ғ. муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуд”.

Дар ин мактуб инчунин гуфта мешавад:

“Нисбати ваҷҳи дигари дар аризаатон қайдгардида, вобаста ба наандешидани чораҳо бо парвандаи ҷиноятӣ оид ба муайян ва чораҷӯӣ нашудани сабабу омилҳои ба ҷинояти мазкур мусоидаткунанда бояд қайд кард, ки зимни тафтиши пешакӣ аз тарафи гурӯҳи тафтишотӣ ҳолатҳое, ки ба содир намудани ҷиноят мусоидат кардаанд, муайян карда шуда, бо мақсади бартараф кардан ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани шахсони масъули ШВКД дар ноҳияи Панҷ санаи 12.04. соли 2021 таҳти №12/25731-21 ба унвони сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пешниҳод бароварда шудааст.

Пешниҳоди мазкур санаи 21.04 соли 2021 тавассути прокуратураи вилоят ба суроғаи номбурда ирсол карда шудааст, ки ҳоло дар арафаи баррасӣ карор дорад”.

Хотиррасон мекунем, ки қаблан наздикони марҳум Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ, аз болои прокурори ноҳияи Панҷ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Холиқзода А.Ғ. ба раиси дастгоҳи Президент, ба прокурори генералӣ ва ба Кумитаи забон ва истилоҳот барои дағалона вайрон кардани Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шикоят карда буданд. Дар шикояти худ онҳо аз прокурори генералӣ дархост карда буданд, ки “шикояти мазкурро омӯхта, ба вокуниши пур аз иштибоҳи прокурори ноҳияи Панҷ муҳтарам Холиқзода А.Ғ. баҳои ҳуқуқӣ диҳед ва тибқи моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нисбаташ чораандешӣ намоед”.

11-уми майи соли 2021 дар Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ нисбати старшинаи милиса Амирзода Насим Абдукарим, ки бо парронидани ду тир аз автомати Калашников лейтенати калони милиса Аҳлиддинзода Меҳроншоҳро ба қатл расонид, бо моддаи 108, қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, суд ба номбурда бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 (се) сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи дорои низоми сукунат ва инчунин бо маҳрум кардани ҳуқуқи ишғоли вазифаҳо дар хизмати давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мӯҳлати 4 (чор) сол ҷазо таъйин кард. Наздикони Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ аз ҳукми суди зинаи аввал норозигӣ карданд ва ин аст, ки ҳукми суди ноҳияи Панҷ ҳанӯз эътибори қонунӣ пайдо накардааст.

Фараж

Дар акс: Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ

Блоки рекламавӣ

2 ШАРҲҲОИ

  1. Кореро надидаед нагуед хар чиз оё шумо медонед ки оғои холикназар барои туҳмат дуруғ ба чавобгари мекашан шуморо

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь