Дар Ҷумҳурии Қазоқистон як зан, ки аввали моҳи май 100-сола мешавад, баъди гирифтори ба коронавирус аз ин маризӣ шифо ёфтааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.

– Табибон дар ноҳияи Аршал бемор Полина Алексееваро бо кафкӯбӣ аз бемористон гусел карданд. Вай тавонист аз коронавирус пурра шифо ёбад, – омадааст дар иттилоияи вазорат.

Дар ҳамин ҳол ба гуфти коршиносон, эҳтимоли сироятёбӣ ва фавт барои пиронсолон аз коронавирус зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти навтарин дар ин кишвари Осиёи Марказӣ, 25 нафар бар асари коронавирус вафот карда, 3 ҳазору 19 нафар гирифтор ва 754 каси дигар шифо ёфтаанд.

Президенти Қазоқистон Қосим Тоқаев аз 16-уми март дар кишвараш ҳолати қарантиниро ҷорӣ карда, ахиран муҳлати онро то 11-уми май дароз кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь