Дар нимсолаи соли 2021 бо сабаби корношоям гардидани ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо амалӣ нашуданд, ки ин ба ҳолати молиявии ҶСК «Тоҷик Эйр» таъсири манфӣ расондааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон Субҳон Икромзода иттилоъ дод.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои муовини аввали директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Азизмаҳмад Қурбонов як ҳавопаймои ширкат (Boeing 737-300) бинобар сабаби баҳси додгоҳӣ бо ширкати литвонии «Скайроуд лизинг» дар шаҳри Маскав дар ҳабс, як ҳавопаймо (Boeing 767-300) бинобар таъмирталаб гаштан ба соҳибмулкаш баргардонда шуда ва он дар шаҳри Тошканд қарор дошта ва як ҳавопаймои дигари ширкат (Boeing 757-200) аз сабаби нуқсон пайдо шудан дар кори муҳаррикҳояш дар Душанбе бефаъолият истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳавопаймоҳои Boeing 737-300 ва Boeing 757-200 моликияти хусусии ҶСК «Тоҷик Эйр» мебошанд.

Гуфта мешавад, ки бинобар мушкилоти молиявӣ дар фаъолияти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» як ҳавопаймои сохти замони шӯравиаш (Ан-28) ва як чархбол (Ми-8МТ) дар масири дохилӣ низ мавриди истифода қарор нагирифтааст. Бо ҳавопаймои Ан-28 танҳо як маротиба рейси техникӣ дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе анҷом дода шудааст, ки он ҳам бо зарари 32 ҳазори доллари ИМА барои ширкат. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба ғайр аз ин, дар мувозинати худ 32 ҳавопаймои истеҳсоли замони шӯравӣ дорад ва онҳо дар ҳолати нигоҳдорӣ қарор доранд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ Субҳон Икромзода иброз дошт, ки бо назардошти вазъи воқеии ҶСК «Тоҷик Эйр» роҳбарияти ҷамъият бо ширкати «PANAF Group» ҳамкориро оид ба иҷора гирифтани ҳавопаймои Boeing 737-800NG (барои мусофиркашонӣ) ва Boeing 737-400 (барои боркашонӣ) ба роҳ монда, пешниҳоди худро ба Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷик Эйр» пешниҳод кардааст.

— Дар сурати дастрас кардани иҷозати ба иҷора гирифтани ҳавопаймоҳо ширкати «Тоҷик Эйр» метавонад фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, парвозҳоро дар хатсайрҳои таъинотӣ анҷом дода, даромаднокии корхонаро зиёд намояд, — дар илова гуфт Субҳон Икромзода.

Маврид ба зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бинобар мушкилоти молӣ аз 4-уми январи соли 2019 парвозҳои худро ба шаҳрҳои Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар ба муҳлати номуайян қатъ карда буд. Баъдан аз 2 сентябри ҳамин сол парвозҳояшро аз сар гирифта буд. Соли 2020 бо анҷом додани якчанд парвозҳои чартериву техникӣ фаъолияти номунтазам дошт.

Қабл аз ин ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Урумчӣ-Душанбе, Душанбе-Теҳрон-Душанбе, Душанбе-Алма-ато-Душанбе, Душанбе-Бишкек-Душанбе, Душанбе-Самарқанд-Душанбе, Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Сургут-Душанбе, Душанбе-Нижневартовск-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе ва Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳои мунтазамро иҷро мекард.

Абӯалӣ Некрӯзов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here