Аз ҷониби ҷавонони вилояти Хатлон дар давоми 6 моҳи соли 2021-ум 631 ҷиноят содир шудаст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 277 ҷиноят кам аст. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо  ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодашон иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки ин ҷиноятҳоро 887 нафар, яъне 694 мард, 36 зан ва 25 донишҷӯ содир кардааанд, ки аз онҳо 755 нафарашон ҷавонони бекор мебошанд.

– Аз 631 ҳолат ҷинояти содиршуда 262 ҳолат дуздӣ, 5 ҳолат ғоратгарӣ, 44 ҳолат авбошӣ, 34 ҳолат ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир, 4 ҳолат расонидани зарари ҷисмонӣ, 53 ҳолат қаллобӣ, 3 ҳолат куштор, 226 ҳолат дигар намуди ҷиноятхо мебошанд,- илова кард номбурда.

Гуфта шуд, ки зиёдшавии ҷиноят аз ҷониби ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои Ховалинг 14, Фархор 11, Восеъ 10, Балҷувон 8, Ёвон 7, Ҳамадонӣ 6, Кӯшониён ва Темурмалик зиёд ба назар мерасад.

Зикр гардид, ки гирифторони бемориҳои сироятии ВНМО ба ҳолати 1-уми июли соли 2021 миёни ҷавонон 42 ҳолат ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 21 ҳолат кам мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь