Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, сокини шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон Ҳалимов Фаррух Муидинҷонович, соли таваллудаш 1987, ҳамчун гумонбар барои содир намудани ҷинояти қаллобии силсилавӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда қаблан чор маротиба барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Аз ҷумла, бори охир моҳи сентябри соли равон аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми калон, ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда бошад ҳам, хулосаи зарурӣ набароварда, боз даст ба ҷиноят зада, моҳи ноябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов такроран зиёда аз 18 ҷинояти қаллобӣ содир намудааст.

Ҳангоми содир намудани ин аъмоли номатлубаш ӯ худро корманди мақомоти «милитсия», «суд», «прокуратура», «кумитаи давлатии амнияти миллӣ», «нозироти андоз» ва «хадамоти фармасевтии вилояти Суғд» муаррифӣ намуда, аз мағозаву дорухонаҳо ва меҳмонхонаҳо гӯё бар ивази ошкор накардани камбудиҳояшон маблағҳои пулӣ ситонидааст.

Нисбати Ҳалимов Фаррух чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ аз ҷониби шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дорад.

Мувофиқи маълумотҳои оперативии дастраснамуда, номбурда дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ даст ба чунин кирдорҳои номатлуб задааст.

Маркази матбуоти ВКД аз сокинони вилоят хоҳиш кардааст, ки агар касе аз Ҳалимов Фаррух ҷабр дидааст, ё дар бораи дигар ҷиноятҳои содиркардаи ӯ маълумот ддорад, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиат намояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь