Муродалӣ Алимардон, раиси “Агроинвестбонк” ва Тоҷиддин Пирзода, раҳбари “Тоҷиксодиротбонк” аз мақомҳояшон барканор шуданд ва ба ҷойи онҳо мудирони махсус таъйин карда шуданд.

Тоҷиддин Пирзода

Қарор аст мудирони махсус то таъин шудани мудирони барҳамдиҳанда бонкро идора кунанд. Мудирони барҳамдиҳанда, ки дар ниҳоят аз сӯи додгоҳ таъйин хоҳанд шуд, амвол ва дороиҳои ин ду бонкро ба фурӯш гузошта, амонатҳои мардум ва пули саҳмдорони бонкро бозгардонанд.

Гуфта мешавад, бо қарори додгоҳ Фирӯз Ҷалолов раванди барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва Ҷамшед Абдураҳимов раванди барҳамдиҳии “Тоҷиксодиротбонк”-ро раҳбарӣ хоҳанд кард.

Муҳлати барҳамдиҳии ин бонкҳо ду сол таъйин шудааст, ҳарчанд додгоҳ метавонад, ин муҳлатро боз ҳам тамдид кунад. Раиси “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷиддин Пирзода ба радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки ҷараёни барҳамдиҳии “Тоҷиксодиротбонк” набояд зиёд тӯл кашад, амонатҳои мардум дар муддати аз 6 моҳ то як сол бозпас дода хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь