Деваштич Шарифбадалов, ки дар хонадони мутахассиси соҳаи сайёҳӣ зодаву ба воя расидааст, мехоҳад идомадиҳандаи кори падар бошад, зеро ҳанӯз ду сол қабл, ки аз пандемии куруно нишоне набуд, Муҳаммадрасул — падари Деваштич дар паҳлӯи чойхонаи бо тарҳу нақшу нигори миллӣ будёднамудааш хост меҳмонхона барои пазирпоии сайёҳон бунёд кунад. 

Бо Муҳаммадрасул Шарифбадалов (аз чап якум)

Сохтмони бинои дуқабатаро бо ҳуҷраҳо, бо пешбинии шароити созгор оғоз карданд. Умр ба Муҳаммадрасул вафо накард, то ин иморатро ба сомон расонад. Дар ин байн коронавирус  хуруҷ кард, сарҳадҳо баста шуданд, боздиди сайёҳон қатъ гашт ва Деваштич ҳам натавонист кори падарро давом диҳад, меҳмонхонаи навро ба қабули сайёҳон омода кунад.

Ҳоло Деваштич Шарифбадалов, баъди сари падараш, роҳбарии ширкати сайёҳии “Панҷакент- Интур”-ро ба ӯҳда дорад.

Муҳаммадрасул Шарифбадалов, падари Деваштич яке аз мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи сайёҳӣ, буда, муаллифи ду китоб ва хатсайрҳои сайёҳӣ дар водии Зарафшон буд.

Деваштич низ дар ин соҳа дар паҳлӯи падараш  буд ва нозукиҳои соҳаи сайёҳиро омӯхт. Чойхонаи “Сайёҳат”,  ки аз нодиртарин чойхонаҳо аз лиҳози тарҳи сохтмону ороиши миллӣ дар кишвар аст ва соли 2008 ба истифода дода шуда буд, қароргоҳи ширкати “Панҷакент – Интур” мебошад.

“Ин макон то хурӯҷи пандемӣ ҳам ҷои тамошои меҳмонон буду ҳам ҷои тановули хӯроки ҷаҳонгардон. Соли равон ягон меҳмон қабул накардаем”, – мегӯяд Деваштич Шарифбадалов.

Ҳоло Деваштич ба корҳои хоҷагидорӣ ва деҳқониву чорводорӣ машғул аст. Кам-кам, агар дасташ расад, корҳои боқимондаи меҳмонхонаи навсохтро иҷро мекунад.

Ӯ интизор аст, ки баъди коҳиш ёфтани шиддати коронавирус боз ба қабули сайёҳони беруна шурӯъ мекунад ва барои ба анҷом расонидани сохтмони меҳмонхона имкони молиявӣ пайдо мекунад. “Дунё ба умед аст”, – мегуянд дар урфият.

Вобаста ба ин мавзӯъ мо бо чанд савол ба Кумитаи сайёҳии назди ҳукумати ҶТ муроҷиат намудем ва онҳо ба саволҳои мо бо имзои муовини якум ҷаноби Ҳ. Амирбекзода посух доданд.

Тибқи маълумоти Кумиати сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, дар 9 моҳи соли 2021 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, 183,8 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ (тибқи методологияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ) арзёбӣ мегарданд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта ба 57,9 фоиз кам шудааст.

Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои ИДМ ворид шудаанд, 306,1 ҳаз. нафар ва аз кишварҳои хориҷи дур 37,9 ҳаз.нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Кумитаи сайёҳӣ таъсири пандемӣ пеш аз ҳама ба кори меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва ҳатто ба ҳунарҳои мардумӣ расид. Мутаассифона, нафарони зиёде, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доштанд, бекор монданд. Аз рӯи арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ буҳрони бемории сироятии COVID-19 гардиши сайёҳони байналмилалиро то 80% коҳиш дод.

Кумитаи сайёҳӣ барои муайян намудани ҳисороти молиявӣ байни субъектҳои соҳаи сайёҳӣ пурсишнома гузаронда шуда, натиҷаҳо бозгӯи он аст, ки дар марҳилаи сипаришуда субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ аз қабулу гусели сайёҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ худдорӣ намуда, фаъолияти хеле кам ва маҳдуд доранд.

Дар ин давра дар назди Кумита гурӯҳи корӣ барои муқовимат ба оқибатҳои пандемия таъсис дода шуд, ки аъзои он барои ба даст овардани маълумоти пурра дар бораи сатҳи таъсир таҳқиқ гузаронданд. Тадқиқот нишон дод, ки корхонаҳо ва шахсони алоҳидаи соҳаи сайёҳӣ таназзулро бо пандемии COVID-19 аз сар мегузаронанд. Аксари корхонаҳо бо сабаби ҳолатҳои фавқулода ва басташавии сарҳад 100 дарсади муштариёнро аз даст доданд. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот метавон хулоса кард, ки пандемӣ ба ҳама самтҳои фаъолияти соҳаи сайёҳӣ таъсир расонид.

Холо, ки коронавирус дар сайёра ҳукмфармо аст, оё мавриди баррасии мушкилоти соҳаи сайёҳӣ аст? Аммо коршиносони соҳа  чунин назар ва умед доранд: зиндагӣ бо ин беморӣ анҷом намеёбад ва аз ин фурсати оромию камкорӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳии мамлакат бояд барои таҳкими инфрасохтори соҳа, таҳияи хатсайрҳои нави барои сайёҳон хушоянд ва ҷалби таваҷҷуҳи мардуми кишвар ба боздид аз ёдгориҳои беназири  таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ, истироҳати фаъол дар минтақаҳои кӯҳӣ ва пойгоҳҳои сайё¬ҳии мамлакат корҳои шоистаро анҷом диҳанд.

Тавре аз гузоришҳои расонаҳо маълум аст, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Ҳукумати кишварт татбиқи лоиҳаҳои гуногунро ҷиҳати беҳдошти агротуризм, омӯхтани вазъ ва  имкониятҳои сайёҳии кишвар рӯи даст гирифтааст.  Баробари ин, ҳанӯз наметавон сатҳи инфрасохтори сайёҳиро ҷавобгӯи меъёрҳои дар ҷаҳон пазируфта донист. Дар мисоли водии Зарафшон, пойгоҳи сайёҳӣ-куҳнавардии «Артуч», пойгоҳҳои сайёҳии «Ҳафткӯл» ва «Искандаркӯл» барои пазироии сайёҳон шароити созгор фароҳам шудааст, вале барои бароварда кардани эҳтиёҷи соҳа боз даҳҳо пойгоҳи муҷаҳҳаз бунёд намудан лозим меояд, то фоида ба иқтисоди кишвар бамаротиб афзояд.

Хуршед Фозилов

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии  Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here