Кормандони соҳаи хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ мегӯянд, ки ҳифз ва муҳофизати ҷангал вазифаи муқаддаси онҳо ба шумор меравад. Ин аст, ки дар 6 моҳи аввали соли равон аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал доир ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи ҷангал ва шикор нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ба миқдори 1278 адад санад тартиб дода шудааст.

– Аз ин ҳисоб ба маблағи 615,7 ҳазор сомонӣ зарар муайян карда шудааст. Аз миқдори умумии қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 657 адад ба маблағи 411,4 ҳазор сомонӣ ба бурриши ғайриқонунии ҷангал, 312 адад ба маблағи 150,5 ҳазор сомонӣ ба чорвочаронии худсарона, 100 адад ба маблағи 14,3 ҳазор сомонӣ ба ҷамъоварии беиҷозати гиёҳҳои хӯрданибобу шифобахш, 109 адад ба маблағи 10,9 ҳазор ба шикори ғайриқонунӣ, 19 адад ба маблағи 0,7 ҳазор сомонӣ ба риоя накардани ҷоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷангал ва 79 адад ба маблағи 28,5 ҳазор сомонӣ ба намудҳои дигари қонунвайронкунӣ рост меоянд,-гуфт директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода.

Ба иттилои мавсуф, ба ин давра ба миқдори 898 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 241,2 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст, ки 165,5 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат партохт шудааст.

Юсуфзода гуфт, аз рӯзноманигорон хостааст, дар самти ҳифзи муҳити зист, ба хусус хоҷагии ҷангал, бо навиштани мақолаҳо саҳм гузоранд. Номбурда махсус ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Оҳистамоҳ Вафобек изҳори сипос кард, ки пас аз матлабаш дар рӯзнома аз даҳ то сад гектар заминҳои фонди хоҷагии ҷангал дар навоҳии Шаҳритусу Носири Хисрав, ки қаблан бо қарорҳои раисони ноҳия ғайриқонунӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷудо кардаанд, баргардонида шуданд. Юсуфзода гуфт, ҳолатҳои ғасби заминҳои фонди хоҷагии ҷангал дар ҳама навоҳии ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасид, вале маҳз пас аз ин мақола мақомоти иҷроия дастбакор шуда чораандешӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь