Аз 5 то 11-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе “Рӯзҳои франкофония” баргузор мешаванд. Чорабинии мазкурро Маркази фарҳангии “Бохтар” ташкил карда, барномаи рангорангеро бо иштироки ҳунармандони ватаниву хориҷӣ ба доираи васеъи омма пешниҳод мекунад. Дар ин бора сафорати Фаронса дар Душанбе иттилоъ дод.

Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, Маркази фарҳангии “Бохтар”, Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва сафоратҳои Белгия ва Канада дар Осиёи Миёна аз ҳама фаронсавизабонон ва дӯстдорони забон ва фарҳанги фаронсавӣ даъват кардаанд, ки ба ҷашнвора бо барномаи васеи чорабиниҳои фарҳангӣ баҳри ба доираи васеъ ва гуногуни омма бахшидани эҳсоси рӯҳияи фаронсавӣ омода гардида, ҳамроҳ шаванд.

“Рӯзи байналмилалии забони фаронсавӣ ва франкофония” соли 1995 бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва коммуникатсияи Фаронса таъсис ёфтааст ва ҳамасола 20-уми март дар саросари олам таҷлил карда мешавад. “Рӯзҳои Франкофония” имсол бори аввал дар шаҳри Хуҷанд низ баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь