Вазорати корҳои дохила аз боздошти ҷавони 20-сола хабар медиҳад, ки бо гумони содир кардани ҷинояти роҳзанӣ ва дуздии хазина гумонбар аст.

Ба гуфтаи ниҳод, шаби якшанбе ин ҷавон бо тапончаи кӯдакона ва 1 адад таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) аз хазинаи идораи букмекерии «Рахш» дар шаҳри Хуҷанд 6 ҳазору 60 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-Х»-ро ғасб мекунад.

Дар ин натиҷаи шабехун хазиначии идораи мазкур, ҷавони 19-сола, ҷароҳати ҷисмонӣ дидааст.

Зарари расонидаро манбаъ 8560 сомонӣ зикр карда, аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 249 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ хабар медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь