Вазорати умури дохилаи Туркия барои ёрӣ дар дастгир кардани 338 фирорӣ, аъзои “FETÖ” (ҳаракати “Хизмет” – ҳаракати дар Туркия террористӣ эълоншуда) мукофот таъйин кард. Дар ин бора “Anadolu Agency” хабар дод.

15 июл Туркия хотираи қаҳрамононеро гиромӣ медорад, ки расо панҷ сол қабл ба кӯчаҳои шаҳрҳои Туркия баромада, ҳамчун девори васеъ бархоста, кӯшиши ғасби ҳокимиятро, ки талафоти 251 нафарро аз байн бурд, ҷилавгирӣ карданд.

Шаби 15 ба 16 июли соли 2016 як гурӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи вобаста ба Ҳаракати “Хизмет” талош карданд, ки қудратро дар Туркия  бо зӯрӣ ба даст оранд. Амалиёти мазкур аз ҷониби роҳбарияти Туркия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин миллионҳо шаҳрвандони оддӣ, ки ба кӯча баромаданд, қатъиян пахш карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, он шаб 251 нафар фавтиданд. Раҳбари “FETÖ” (созмони дар Туркия террористи эълон шуда)  Гюлен айни замон дар ИМА қарор дорад, Анқара истирдоди ӯро аз Вашингтон борҳо хоста аст.

Аз тарафи ҳаракати “Хизмет” дар солҳои 90-ум дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Аврупои Шарқӣ, Африка, Осиё ва ИМА мактабҳо кушода шуданд. Ҳаракат аз ҳисоби хайрияҳо ва маблағи таҳсил дар марказҳои таълимии пулакӣ маблағгузорӣ карда шуд. Сарватмандтарин соҳибкорони Туркия аз ҷумлаи донорҳои ин ҷунбиш ҳастанд.

Дар Тоҷикистон низ 6 литсей ва литсейи байналмилалии Душанбе таҳти пуштибонии “Шалола” фаъолият мекарданд. “Шалола” низ ба ҳаракати “Хизмет”-и рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гюлен марбут дониста мешавад, ки феълан аз ҷониби ҳукумати Раҷаб Эрдуғон дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Баъдтар соли 2015 бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи литсейҳои муштараки тоҷикию туркӣ ба муассисаҳои давлатии кишвар табдил дода шуданд.

Пеш аз ин қарор расонаҳои туркӣ навишта буданд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз мақомоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, хостааст, то мактабҳои Гюленро банданд, аммо вазири ҳамонвақтаи маорифи Тоҷикистон ин иттилоъро рад намуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь