Сокини 52-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Анвар Сайдалиев, ки ба гуфтаи мақомот бо 6 зарби ҷонкоҳи корд моиндарашро ба ҳалокат расонида, бар қасди худкушӣ худро захмӣ карда буд, барои 23 сол равонаи зиндон шудааст.

Ин хабарро дар суҳбат бо «Фараж» бародари маҳбус Султон Нурматов таъйид карда гуфт, ки ҳукм ҳафтаи гузашта дар Суди вилояти Хатлон эълон карда шуд ва онҳо аз рӯи ин ҳукм ба зинаҳои болоии судӣ шикоят намебаранд.

Ёдовар мешавем, бино ба нақли шоҳидон, фоҷеа шаби 19-ум ба 20-уми феврал дар деҳаи Кӯйтемези ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи мазкур рух дод, ки дар натиҷа зани 55-сола Исоева Рӯзигул дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Анвар Сайдалиеви 52-сола бо ҷароҳати вазнин ба беморхонаи марказии ноҳия расонида шудааст.

Аз беморхонаи ноҳияи Панҷ он замон гуфта буданд, мардро дар ҳолати вазнин ва беҳушӣ бо се захми амиқи корд, ки ба меъдааш расида будааст, оварданд.

Аз мақомоти прокуратураи ноҳияи Панҷ аз худиқрории гумонбаршуда ба куштори моиндар хабар доданд ва гуфтанд нисбати ҳодиса бо моддаи 104, қисми 2, банди «б», парванда кушодаанд.

Раиси маҳаллаи Кӯйтемез Ҷумъахон Алламуродов, ки ин оила он ҷо сукунат дорад, дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, Анвар Сайдалиев бо фарзандонаш ва  фарзандони падараш аз зани дуюм, ки 3 писаранд, дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд, вале хоҷагияшон алоҳида буд.

– Онҳо хеле хонаводаи тифоқ буданд. Баъд аз ин воқеаи мудҳиш ҳам муносибаташон вайрон нашудааст, – гуфт раиси маҳалла.

Писарони марҳум Рӯзигул Исоева ва гумонбаршуда Анвар Сайдалиев низ дар суҳбат гуфтанд, аз ин ҳодиса сар дар намеоранд ва намедонанд, чаро чунин воқеа рух додааст.

Ин дар ҳолест, ки овозаҳо дар мавриди шароб нӯшидану маст будани Сайдалиев дар шаби ҳодиса миёни ҳамдеҳаҳо мечархад, аммо ба гуфтаи эшон, қаблан арақнӯшии Анвар Сайдалиевро надида будаанд.

Аз беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ ҳам гуфтанд, ки зимни ҷарроҳӣ бӯи шаробро аз бадани бемор ҳис кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь