Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2020-2021-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар хонандаи шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои дарёфти аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра  комёб гардиданд.

Озмун дар толори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ғолибон муайян гардиданд. Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хаар медиҳад, ки хонандагони гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд Суман Раҳматуллоева, Дилноза Дадобоева, гимназияи №4 Фариза Мирзохӯҷаева, МТМУ №28 Шаҳноза Расулзода, литсейи донишкадаи политехникӣ Анзурат Аминова, Азамат Шерматов, МТҒ “Ирфон” Маҳастӣ Иброҳимзода ва Дилноза Абдуғаффорова медалҳои тилло ва  хонандагони литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Машҳура Юлдошева, гимназияи Гёте Саидҷон Бобоҷонов, литсейи ДДҲБСТ Абдурасул Урунбоев медалҳои нуқраро дар ин озмун баъди супоридани имтиҳон ба даст оварданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь